Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фаъолияти ҳафт ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳуриро қатъ кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарорҳои навбатии худ аз 13 ноябри соли равон фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Хубҷамъ”, ҶДММ ТҚХ “Хазинаи Сомониён”, ҶДММ ТҚХ “Саодат сармоя”, ҶДММ ТҚХ “Кайёниён”, ҶДММ ТҚХ “Дӯстком”, ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” ва ҶСП ТҚХ “Барҳақ”-ро бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонид.
Гуфта мешавад, қатъи фаъолияти ин ташкилотҳо бар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ сурат гирифтааст.
Дар робита ба ин, қайд мешавад, ки сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд.
Мутобиқи қарорҳои боло иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда мешаванд.
Ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд. Комиссияҳои барҳамдиҳӣ уҳдадор гардидаанд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.
Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи октябр БМТ бо қарори худ фаъолияти панҷ ташкилоти қарзии хурд - ҶДММ ТҚХ “Авлодон”, ҶДММ ТҚХ “Беҳнамо”, ҶДММ ТҚХ “Имкон 2010”, ҶСП ТҚХ “Омад”ва ҶСП ТҚХ “Умеди Ёвон”-ро низ қатъ карда буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста