Бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз ҳолати имрӯза ва фаъолияти коргоҳи «САТН» Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба коргоҳи номбурда омад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, махсулоти ин коргоҳ пурра аз пахта буда, фаъолияти коргоҳ шурӯъ аз коркарди пахта, омода намудани ришта то маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуда аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо роҳбарияти коргоҳи мазкур зикр намуд, ки тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатӣ бояд ашёи хомро дар дохили кишвар коркард намуда, барои таъмини талаботи истеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолият баранд.
Айни замон дар ЧДММ «САТН» 540 нафар кормандону мутахассисон дар се баст фаъолят намуда, музди маоши миёнаи онхо 1300 сомониро ташкил медихад. Ҳаҷми истеҳсолии маҳсулоти тайёр дар корхонаи номбурда дар як руз 4,5 хазор дона либосро ташкил медиҳад. Ҳоло 95 фоиз маҳсулоти тайёр ба кишвархои Аврупо содир мегардад. Боиси зикр аст, ки корхонаи мазкур ба талаботи харидорон ва бозори имрӯза мувофиқ гашта, аз оғози фаъолияти худ, аз соли 2004 фаъолияти бомаром дорад.
Раиси шаҳри Хучанд Рачаббой Ахмадзода ба масъулин супориш дод, ки барои фурӯши маҳсулоти тайёр дар назди бинои корхона ва маркази шаҳр мағозаи махсус бунёд карда шуда, молу маҳсулоти ҶДММ «САТН» ба фурӯш гузошта шавад. Барои пешниҳоди лоиҳаи мағозаи коргоҳ Раҷаббой Аҳмадзодв дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар сурати амалӣ гаштани ин пешниҳод маҳсулоти коргоҳ аз қабили шим, курта, костюми занона, мардона ва кӯдакона ба харидорон бо нархҳои аз 30 то 60 сомонӣ пешкаш карда мешавад.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба Маркази таълимии истеҳсолии «ВЕТ-Точ» рафта, аз фаъолияти он ошно гардид. Дар марказ ҳунармандон ба бофтани матои адрас ва адрас аз нахи пахтагӣ ва абрешимӣ машғул буда, нусхаҳои қадимаи ин матоҳоро барқарор менамоянд. Раиси шаҳри Хуҷанд ба косибон дастур дод, ки барои бештар намудани теъдоди шогирдон аз ҳисоби занҳои хонашини маҳаллӣ чораҳо андешанд. Маблағгузории таълимоти муҳассилинро бошад, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба зимма мегирад.
Раиси шаҳри Хуҷанд нисбати фаъолияти имрӯзаи корхонаи «ВТ-Силк» изҳори нигаронӣ намуд. Коргоҳи номбурда баъди ба охирррасии ашёи хоми худ - пилла фаъолияти худро маҳдуд намудааст. То мавсими нави вориди ин намуди ашёи хом моҳи майи соли оянда ҳаҷми истеҳсолӣ паст хоҳад буд. Раиси шаҳр ба бахши сармоягузорӣ ва рушди соҳибкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супориш дод, ки бобати дар корхонаи мазкур зиёд намудани ҳаҷми коркарди ашёи хоми ватанӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дар баробари ин таъкид гардид, ки фаъолияту ҳамкории манфиатовари корхонаи «ВТ-Силк» ва Иттиҳодияи истеҳсолии «Хуҷандатлас»-ро баррасӣ намуда, лоиҳаи фаъолияти муштарак ва эҳёи комили корхонаҳои мазкурро мавриди таҳлил ва бозомӯзӣ қарор диҳанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста