Дар гузориши нави нимсолаи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе муаррифӣ шуд, зикр гардид, ки коҳиши сатҳи интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия, кам шудани талаботи ҷаҳонӣ ва нархҳои паст ба маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба мисли алюминий ва пахта ба сустшавии суръати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ то 4,2% дар соли 2015 боис мегарданд.

Дар маросими муаррифӣ қайд шуд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ва сустшавии рушди иқтисод ба даромадҳо таъсир хоҳанд расонид, ки соли равон ба миқдори 10% кам шудани онҳо дар назар аст.

Ба гуфтаи сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон Марина Баканова, дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ба мутобиқшавии Тоҷикистон ба шароитҳои нави беруна, ҳалли хатарҳои асосии макроиқтисодии марбут ба тағйирёбии суратҳисоби беруна, коҳиши захираҳои асъор, уҳдадориҳои шартии корхонаҳои давлатӣ ва ҳамчунин осебпазирии мунтазами низоми бонкӣ вобаста хоҳанд буд.

«Дар баробари афзоиши фишори дохиливу беруна, ҳалли хатарҳои молиявӣ ва амалисозии ислоҳоте, ки ба рушди маҳсулнокӣ, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва таҳкими  низоми ҳифзи иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, барои дастгирии рушд ва мусоидат ба коҳиши камбизоатӣ нақши ҳалкунанда хоҳанд дошт», - гуфт ӯ.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таъкид мешавад, ки бо мақсади дастгирии пешрафт дар масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва ноил гардидан ба шукуфоии умумӣ дар шароити бад шудани вазъи муҳити беруна, ба афзалиятҳои стратегияи рушди Тоҷикистон шомил кардани масъалаи ҳарчи зудтар таъсис додани ҷойҳои корӣ зарур аст.

Коршиносони бонк бар ин назаранд, ки чунин стратегия бояд ибоарт бошад аз: мусоидат ба таъсиси ҳарчи бештари ҷойҳои корӣ дар бахши хусусӣ, ташаккули малакаҳои коргарон, ки барои корфармоён зарур аст ва мусоидат ба дастрасии ҷойҳои корӣ барои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ ва хонаводаҳо.