Сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Тоҷикистон Марина Баканова изҳор дошт, ки таъхири бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли равон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба баъзе мушкилот оварда расонид.

Ӯ қайд кард, ки ин мушкилотро «мо дар соли равон мушоҳида мекунем ва мутаассифона, ин (таъхири бозбинии буҷет) ба рушд (қисмати даромади буҷет) дар соли минбаъда таъсир мерасонад».

Баканова таъкид дошт, ки чун нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дар соли равон мавриди бозбинӣ қарор нагирифтанд, нақшаҳо оид ба иҷрои буҷет низ дар сатҳи пешина боқӣ монданд.

Дар ҳамин ҳол, зикр кард сариқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷаи коҳиши воридот дар ҳаҷми 25%, кам шудани миқдори даромадҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ дар нимсолаи аввали соли равон 20%-ро ташкил дод. «Дар ҳамин ҳол, хароҷоти иҷтимоӣ бетағйир боқӣ монд», - таъкид кард номбурда.

Ба гуфтаи Баканова, дар чунин шароит намяндагони тиҷорат дар муносибат бо мақомоти андоз ба мушкилиҳо дучор шуданд. «Мушкилоти муайяни марбут ба анҷоми расмиёти андоз, дахолат накардани мақомоти андоз ва ҳамчунин таъини ҷазоҳои гуногун мавҷуданд», - иброз дошт ӯ.

Баканова шарҳ дод, ки кам шудани миқдори даромадҳо аз боҷи гумрукӣ аз ҳисоби дигар маблағҳои аз андоз воридшуда, аз ҷумла ҷаримаҳо барои ҷазоҳои гуногун ҷуброн мешавад, ки «ҷамъоварии онҳо «начандон бад» аст». «Чунин ҳолат ба шусташавӣ (рахна шудан)-и заминаи андозбандӣ боис мегардад ва он (вазъ) минбаъд ба имконоти ҷамъоварии андозҳо ва пур кардани буҷет таъсир мерасонад», - афзуд Баканова.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли равон коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон  тавсия дода буданд,  ки нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ бозбинӣ карда шаванд.

«Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 бо эҳтимоли рушди назарраси иқтисод ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 7,2% таҳия гардида, қурби мубодилаи сомонӣ бо доллари ИМА 5 сомонӣ барои 1 доллар пешбинӣ шуда буд. Имрӯз аён аст, ки ин нишондиҳандаҳои пешбинишуда ғайривоқеъӣ мебошанд: рушди иқтисод суст шуда, ахири моҳи апрел қурби мубодилаи сомонӣ/доллар аллакай ба 6,25 сомонӣ/1 доллар расид», -   зикр гардида буд  дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон»-и Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ).

Қайд шуда буд, ки дар чунин ҳолат иҷрои буҷет аз рӯи нақшаҳои пешбинишуда мушкилӣ ба бор меоварад ва аз ин рӯ, мувофиқи мақсад аст, ки буҷети давлатӣ барои соли 2015 ислоҳ шуда, ба нишондиҳандаҳои воқеии рушди иқтисодӣ асоснок карда шавад.

Баъдтар тобистони соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки нишондиҳандаҳои буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ  ба бозбинӣ ниёз надоранд.  «Тибқи мушоҳидаҳову таҳлилҳои мо, дар ин кор алҳол ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», - гуфта буд вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода.

Дар ҳамин ҳол, тӯли 9 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 393 млн. сомонӣ (наздики 60 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира)  камтар маблағ ворид шуд.  Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 10 млрд. 836,6 млн. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил додааст.  Дар ин давра ба буҷети давлатӣ тибқи нақша бояд ҳудуди 11 млрд. 230 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид.

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ даъвати панҷум лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2017-2018 аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд.

Зимни суханронӣ дар  маҷлиси ҳукумат  оид ба таҳлили вазъи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар 9 моҳи соли равон  таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад.