Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Соҳибкорӣ – нигоҳи инноватсионӣ ба рушди иқтисодиёт» баргузор мегардад.
Чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон, Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиё дар Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон рӯзҳои аз 16-ум то 20-уми ноябр ташкил карда мешавад, барпо мегардад.
Дар кори форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хонум Лесли Ҳэйден, Сафири Британиёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Филпот иштирок меварзанд.
Ҳамчунин мушовири калони Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаи соҳибкории ҷавонон Ванесса Бери, коршинос оид ба масъалаи сиёсати иҷтимоӣ ва давлатӣ, ҳамзамон менеҷери минтақавӣ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва давлатии ширкати “Google” дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Алекс Лонг, директори кулли ширкати “EGI Development” Карин Шипман бо презентатсияҳо баромад мекунанд. Директори Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ Дэниел Заретски бо презентатсия баромад мекунад, ки дар он экосистемаи Ҳафтаи умумиҷаҳонии соҳибкорӣ, ки дар саросари ҷаҳон фаъолият дорад, муаррифӣ карда мешавад.
Пас аз гузоришҳо муҳокимаҳои панелӣ дар се мавзӯи зерин баргузор мегарданд:
1) Занон – пешвоён дар соҳибкорӣ;
2) Ҷавонон, стартап, инноватсия ва технология;
3) Сармоягузорӣ ба стартапҳо: сармоягузории фариштавӣ, маблағгузории пеш аз оғози фаъолият ва дастгирии стартапҳо.
Пас аз ба итмом расидани муҳокимаҳои панелӣ баррасикунии гурӯҳҳои корӣ барпо мегардад, ки дар он котибон бо таҳлили умумии баҳсҳое, ки дар муҳокимаҳои панелӣ ҷой доштанд, баромад мекунанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста