Барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда ҷудо гардидани ҳудуди 2 млрд. сомонӣ аз буҷети давлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши иқтисоди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, бастани маҷрои дарёи Вахш дар ҷойи сарбанди ояндаи нерӯгоҳ то ахири соли равон ба нақша гирифта шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки яқинан бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун рӯзи 22 декабр, санаи таҷлили ҷашни энергетикҳои ҷумҳурӣ оғоз мегардад.

Ёдрас мекунем, ки дар буҷети давлатии соли 2015 барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудо шудани 1 млрд. 600 млн сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007, замони таъсиси ҶСК «НБО Роғун» барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар маҷмӯъ беш аз 6 млрд. 435 млн. сомонӣ маблағ равона гардид. Аз ҷумла аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» ҳудуди 327 млн. сомонӣ барои харидории таҷҳизот барои нерӯгоҳ ҷудо шудааст.

Иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар дарёи Вахш 3600 мегаватт бо истеҳсоли 13,1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ дар як солро ташкил хоҳад дод, ки ба қонеъ кардани натанҳо талаботи Тоҷикистон ба нерӯи барқ, балки содироти он ба Афғонистону Покистон низ имкон медиҳад.