Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» дастгирӣ карда шуд.

Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён изҳор намуд, ки ҳаҷми Буҷети давлатӣ барои соли 2016 ба миқдори 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд аст.

Аз маблағи умумии 3,3 миллиард сомонӣ ҳудуди 1,5 млрд. сомонӣ аз ҳисоби грантҳои беруна ва қарзҳои хориҷӣ ворид мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, хислати иҷтимоии буҷети давлатӣ оянда низ нигоҳ дошта мешавад ва ба ин хотир дар соли 2016 барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.

Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

Қурбониён зикр кард, ки дар буҷети соли оянда ҷудо шудани қарзҳои имтиёзнок барои сохтмони Театри миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин панҷ мактаби таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар пешбинӣ шудааст.

Вазири молияи ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки барои хизматгузорӣ (пардохт)-и қарзи хориҷӣ дар соли 2016 равона гардидани 758 млн. сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи вазир, дар қисмати хароҷоти буҷети соли оянда ҷудо шудани 3,1 млрд. сомонӣ ба бахши маориф, 1,3 млрд. сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ, 3,1 млрд. сомонӣ барои пардохти нафақа, кумакпулиҳо ва дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, 120 млн. сомонӣ ба дастгирии соҳибкорӣ дар назар аст.

Раиси Кумитаи иқтисоду молияи палатаи поёнии парлумон Шариф Раҳимзода қайд кард, ки соли оянда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар ҳаҷми 57,7 млрд. сомонӣ, мизони таваррум - 7%, қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА - 6,96 сомонӣ (барои 1 $) ва касри буҷет - 0,5% аз ҳаҷми умумии ММД пешбинӣ шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки дар шароити буҳрони моливу иқтисодии ҷаҳонӣ иҷрои нишондиҳандаҳои буҷет душвор мегардад, вале «нисбат ба соли равон осонтар мешавад».

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири кишвар Давлаталӣ Саид роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоди ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.