Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии Cesvi ва Ассосиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон (АМСХМТ) дар Маркази ҳунармандии пойтахт ба муносибати Ҳафтаи соҳибкории умумиҷаҳонӣ бо дастгирии Палатаи савдои Амрико ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиш баҳри рушди устувори ҳунармандии тоҷик баргузор намуд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, иқдоми мазкур, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) таҳти Барномаи Осиёи Миёна Инвест III ва бо иштироки мақомотҳои давлатӣ ва тарафҳои манфиатдори маҳаллӣ ва байналхалқӣ маблағгузорӣ карда шудааст, дастгирӣ карда шудааст, Маркази нави ҳунармандиро дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст, пешниҳод мекунад.

Ҳамоиш аз ҷониби Зулфия Давлатбекова – Менеҷери барномаи Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Абдураҳмон Назирматов, раиси ИҲТ ва Ҷузеппе Бонати, директори Cesvi дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Ҳамоиши мазкур имконият фароҳам меорад, ки инкишофи ҷории бахшҳои ҳунармандии тоҷик, самтҳои афзалиятнок ва имкониятҳои аз ҷониби маркази нави ҳунармандӣ пешниҳодшуда муаррифӣ карда шаванд.

Аъзоёни ИҲТ ба монанди ташкилотҳои ҷамъиятии “Чашма” аз Шаҳритус, “Озара” аз Хуҷанд ва “Де Памирӣ” аз Хоруғ нуқтаи назари хешро оид ба рушди бахши ҳунармандӣ дар Тоҷикистон матраҳ намуданд.