Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли равон каме бештар аз 2,05 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли равон (аввали соли 2015 - 2,1 млрд. $) ба миқдори 50 млн. доллари ИМА камтар аст.
Бино ба маълумоти фаврии Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 1,8 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.
Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна беш аз 21,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳудуди 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.
Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории тавозуни пардохтҳо гирифта шуд, ба 139,5 млн. доллари ИМА баробар аст.
Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон аз Чин - 12 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд - 5,54 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки хаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 июли соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо аввали соли 2015 ба миқдори 34,6 млн. доллари ИМА камтар буда, ба 19,5%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста