Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе имрӯз форуми соҳибкорзанон ва намоишгоҳи маҳсулоти соҳибкорон доир мегардад.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, дар кори форум кормандони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатии мукими кишвар ва ҳамчунн намояндагони тиҷорат иштирок мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи форум суханронии шодбошии раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ ва ҳамчунин намояндаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба иштирокчиёни чорабинӣ дар назар аст.

Дар доираи кори форум намоиши мӯд бо сабку услуби миллӣ баргузор шуда, карнайнавозон ва раққосаҳои дастаи «Падида» ҳунарнамоӣ мекунанд.

Муддати тамоми рӯз дар Маркази исмоилия ҳамзамон бо кори форум намоишгоҳи маҳсулоти косибон, маҳсулоти кишвоарзии коркардшуда ва дигар маҳулот низ барпо мешавад.