Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардиданд, байни Бонки Олмонии Рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил (марҳилаи дуюм) ба маблағи 8,0 млн. евро имзо гардида буд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, бо мақсади татбиқи ин лоиҳа дар Вазорати мазкур конфронс баргузор гардид. Дар оғози конфронс муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода ва роҳбари намояндагии Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс оид ба ҳадафи чорабинии мазкур ва моҳияти лоиҳаи татбиқшаванда ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи чорабинӣ аз шинос намудани иштирокчиёни эҳтимолӣ, яъне бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурд ба марҳилаи дуюми лоиҳаи маблағгузории манзил мебошад, ки дар доираи Барномаи «Рушди низоми молиявии хурд дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон» татбиқ карда мешавад. Моҳияти Барномаи мазкур аз пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарздии хурд иборат мебошад, ки онҳо метавонанд маблағи молиявии дастрасшударо барои қарздиҳӣ ба шахсони воқеӣ бо асъори миллӣ барои маблағгузории сохтмони манзил пешниҳод намоянд.
Айни замон марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур бомуваффақият амалӣ шуда истодааст, ки дар он чор ташкилоти қарздиҳии хурд ширкат меварзанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ лоиҳаи Барномаи маблағгузории сохтмони манзил ба рушди маводи сохтмонӣ ва дар натиҷа таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Раванди татбиқи лоиҳа шаффоф сурат гирифта, ба он мушовирони аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд интихобшуда кумаки техникӣ мерасонанд.
Лоиҳа, пеш аз ҳама, беҳтар намудани шароитҳои иҷтимоии сокинони деҳотро пайгирӣ менамояд, яъне қарзро бо асъори миллӣ ва фоизи мувофиқ дастрас намуда, аҳолии деҳот имконият пайдо мекунанд, ки шароити манзилии худро беҳтар намоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста