Тӯли 10 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 427 млн. сомонӣ (наздики 65 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) камтар маблағ ворид шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ 12 млрд. 147,2 млн. сомонӣ ё худ 96,6% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил додааст.
Дар ин давра ба буҷети давлатӣ тибқи нақша бояд 12 млрд. 574,7 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид.
Аз нақшаи пешбинишуда камтар ворид шудани маблағ ба буҷети давлатиро дар Вазорати молия ба коҳиши ҳаҷми даромадҳо аз боҷи гумрукӣ бар асари босуръат кам шудани воридоти маҳсулот нисбат медиҳанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти маҳсулот дар зарфи 10 моҳи соли равон қариб 20% коҳиш ёфта, ҳамагӣ 2 млрд. 773,5 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли гузашта - 3 млрд. 574,7 млн. доллари ИМА)-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштанд , ки кам шудани миқдори даромадҳо аз боҷи гумрукиро мақомоти андоз аз ҳисоби дигар маблағҳои аз андоз воридшуда, аз ҷумла ҷаримаҳо барои ҷазоҳои гуногун ҷуброн мекунанд, ки «ҷамъоварии онҳо «начандон бад» аст». «Чунин ҳолат ба шусташавӣ (рахна шудан)-и заминаи андозбандӣ боис мегардад ва он (вазъ) минбаъд ба имконоти ҷамъоварии андозҳо ва пур кардани буҷет таъсир мерасонад», - гуфтанд онҳо.
Қобили зикр аст, ки баҳори соли равон коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буданд, ки нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ бозбинӣ карда шаванд.
«Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015 бо эҳтимоли рушди назарраси иқтисод ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ҳаҷми 7,2% таҳия гардида, қурби мубодилаи сомонӣ бо доллари ИМА 5 сомонӣ барои 1 доллар пешбинӣ шуда буд. Имрӯз аён аст, ки ин нишондиҳандаҳои пешбинишуда ғайривоқеъӣ мебошанд: рушди иқтисод суст шуда, ахири моҳи апрел қурби мубодилаи сомонӣ/доллар аллакай ба 6,25 сомонӣ/1 доллар расид», - зикр гардида буд дар «Гузориши иқтисоди Тоҷикистон»-и Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ).
Баъдтар тобистони соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки нишондиҳандаҳои буҷети Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба бозбинӣ ниёз надоранд. «Тибқи мушоҳидаҳову таҳлилҳои мо, дар ин кор алҳол ҳеҷ зарурате вуҷуд надорад», - гуфта буд вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста