Дар муқоиса бо 10 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-октябри соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба маблағи 836,6 млн. доллари ИМА кам шуд.
Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 10 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 19,2% камтар аст.
Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, зиёда аз 2 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми содироти мол тӯли 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 750 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 7,7% ё худ 62,4 млн. доллари ИМА камтар мебошад. Аз ҷумла ҳаҷми содироти нахи пахта тақрибан ба миқдори 20%, металлҳои арзон ва маснӯот аз он - 1,3% коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти мол ба 2,8 млрд. ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта 21,8% ё худ 774 млн. доллари ИМА камтар аст. Дар ин самт метавон аз коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ба андозаи 21,3% ва орд 35,2% ҳарф зад.
Давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 87 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (ҳудуди 940 млн. $), Чин (608 млн. $) ва Қазоқистон (590 млн. $) дониста шудаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста