Зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Конибодом изҳор гардид, ки дар доираи тадбири ободонии роҳҳо ва ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, соли оянда боз як иқдоми бузурги созандагӣ ба вуқуъ хоҳад пайваст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо дастури Президенти мамлакат ва бо ҷалби сармояи хориҷӣ лоиҳаи калони байналмилалӣ дар вилоят амалӣ карда мешавад. Ин ҳам бошад, бо харҷи 56 миллион доллари амрикоӣ таъмири кул ва азнавсозии шоҳроҳи Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом-Исфара-сарҳади Қирғизистон аст.
Гуфта мешавад, шаҳри Конибодом, ки дар маркази ин шоҳроҳ қарор дорад, ба туфайли ин иқдом метавонад аз як тараф бо шаҳри Хуҷанд, аз тарафи дигар бо шаҳри Исфараву Ҷумҳурии Қирғизистон ва ниҳоят аз самти дигар бо водии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути деҳаи Патар пайваст ва шароити мусоиди рафтуомад дошта бошад.
Раиси вилоят ба мутасаддиёни соҳа дастур дод, ки давоми се моҳ масъалаҳои ташкиливу техникӣ ва лоиҳакашии ободонии шоҳроҳро омода намуда, шурӯъ аз мавсими нав бо ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ба корҳои васеъкунӣ ва мумфаршкунӣ оғоз намоянд.
Зикр мегардад, ки шоҳроҳи мазкур дараҷаи дуюми байналмилалӣ дошта, имкон медиҳад, ки на танҳо ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар, балки Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути он ба пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон роҳ пайдо кунад. Тибқи нақшаи азнавсозии шоҳроҳи мазкур, корҳои ободонии ду тарафи он аз қабили гулкорӣ, чароғонкунӣ ва таъмири биноҳои атроф низ ба анҷом расонида мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста