Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз аз майдони сохтмони комбинати металлургӣ дар ноҳияи Ҳисор боздид намуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , корҳои лоиҳакашӣ ва оғози бунёди Комбинати  металургии Тоҷикистон соли 2011-ум шурўъ  гардида, то имрӯз беш аз 95 фисади корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ анҷом дода шудаанд.

Тавре таъкид гардид, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин корхонаи саноатӣ  иқтидори он дар соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил дода, дар  соли  сеюми фаъолият  иқтидори он то ба 400 ҳазор  тонна металл  дар  як сол расонида мешавад.

Нахуствазири  мамлакат  барои  анҷоми босифати  корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти  барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар  корхонаҳои  металлургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд.

Тибқи нақша комбинат  аз коргоҳҳои алоҳидаи  тайёрии  истеҳсолӣ, ҳаллоҷӣ,  металлгудозӣ,  оксигенӣ-азотӣ  ва озмоишгоҳ иборат буда, оғози фаъолияти истеҳсолии он дар  нимсолаи аввали соли 2016   пешбинӣ  шудааст. Соли аввал дар  ин  корхона  500  нафар  бо  ҷойи кор таъмин мегардад ва  баробари тақвияти корҳои истеҳсолӣ   дар соли сеюми фаъолият  шумораи  коргарон  аз  ҳисоби  аҳолии  маҳалӣ  ба 1000  нафар расонида мешавад. Ҳоло  дар  пешбурди  корҳои  сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот 113 нафар ҷалб шудаанд, ки 100 нафари он  мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.