Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) поинравии суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и воқеъии Тоҷикистонро аз 6,7%-и соли 2014 то ба 3% дар соли равон пешгӯӣ мекунад.
Дар гузориши рӯзи сешанбе дар Душанбе муаррифшудаи Хазина дар ин робита зикр мегардад, ки дурнамои рушди иқтисолди Русия суст боқӣ мемонад, зеро аз бетағйир мондани нархҳои паст ба нафт ва таҳримҳо интизорӣ меравад.
Соли 2015 то ба 3,8% поинравии суръати рушди ММД Русия пешбинӣ гардида, соли 2016 болоравии он дар назар аст.
Таҳлилгарони ХБА бар ин назаранд, ки омилҳои манфии дуюмдараҷаи поинравии рушди иқтисод дар Русия ба Тоҷикистон асосан тариқи интиқоли маблағҳои пулӣ, савдо ва сармоягузориҳо таъсир расонида метавонанд.
Қайд мешавад, ки масъалаи интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон барои Тоҷикистон, ки ба шумори кишварҳои аз ҳама бештар вобаста ба интиқоли маблағҳои пулӣ шомил аст, аҳамияти хосса дорад.
Дар гузориш таъкид мешавад, ки соли 2014 ҳаҷми интиқоли маблағхои пулӣ, асосан аз Русия 43%-и ММД Тоҷикистонро ташкил додаанд.
Ғайр аз ин, қайд мекунанд мутахассисони Хазина, Русия шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бахусус ҳаҷми нисбатан бузурги воридоти захираҳои энергетикӣ ба Тоҷикистон аз Русия таъкид мешавад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон (беш аз 5%-и ММД кишвар) назаррас аст. Ба эҳтимоли коршиносони ХБА, коҳиши фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия метавонад ҳаҷми сармоягузориҳои мустақимро кам карда, ба сармоягузориҳои дарозмуҳлат ва дурнамои рушди иқтисод дар Тоҷикистон таъсир расонад.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи пешгӯиҳои нави ХБА, мизони тавррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар соли равон 10,8% ва дар соли 2016 - 8,2%-ро ташкил хоҳад дод.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста