Муовини сардори Раёсати молияи дастгоҳи президенти Тоҷикистон Амирҷон Убайдуллоев бар ин назар аст, ки асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон натанҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ, балки аз ҳисоби содироти хушкмева низ ворид мешавад.
Зимни суханронӣ дар маросими муаррифии гузориши минтақавии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе ӯ қайд кард, ки соли 2014 аз ҳисоби содироти хушкмева ба Тоҷикистон 1,4 млрд. доллари ИМА ворид шудааст.
Убайдуллоев таъкид дошт, ки коҳиши арзиши алюминий ва пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар як таъсири муайяне расониданд, аммо айни замон Тоҷикистон натанҳо ба содироти алюминий ва пахта, балки ба дигар навъи маҳсулот низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Ба андешаи Убайдуллоев, феълан аломатҳои муайяни барқарор шудани иқтисоди кишвар ба мушоҳида мерасанд. Ӯ чунин мешуморад, ки «ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи дурустро интихоб кардааст».
«Барои мо идомаи амалисозии тамоми ислоҳоти пешбинишуда зарур аст. Дар ин самт мо таҷрибаву имконоти муайяне дорем ва умедворем, ки ҳамаи мушкилотро паси сар карда метавонем», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста