Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) барои таҷдиду азнавсозии майдони нишасту парвоз ва харидории таҷҳизоти назоратӣ ба фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Хуҷанд боз бар илова 900 ҳазор доллари ИМА ҷудо мекунад.

Аз намояндагии БАТР ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамин тариқ бонк маблағи қарзи ҷудошуда ба фурудгоҳи Хуҷандро то 3,9 млн. доллари ИМА афзун мекунад. Маблағи қарзи аввали соли 2013 мувофиқашуда 3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

«Барномаи таҷдиду азнавсозӣ дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд амалӣ мешавад, ки аз лиҳози бузургӣ дуюмин фурудгоҳ дар ҷумҳурӣ аст. Таҷдиду азнавсозии фурудгоҳ ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, бахусус дар шароити номусоиди обуҳаво имкон фароҳам меоварад», - гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи амалисозии лоиҳа таъмиру таҷдиди таъҷилии майдони нишасту парвоз, харидорӣ ва насби таҷҳизоти равшанидиҳандаи бонгзананда ва ҳамчунин насби маякҳо (аломатҳо)-и масофасанҷ ва таҷҳизоти радионавигатсионӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти намояндагии БАТР дар ҶТ, аз 700 ҳазор нафар мусофирони фурудгоҳ дар як сол аксарияташон муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорон мебошанд, ки маблағҳои пулӣ интиқол намуда, ба фаъолияти корӣ дар минтақа мусоидат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон, ин ниҳоди молӣ ба ҷумҳурӣ ҳудуди 610 млн. доллари ИМА сармоягузорӣ кардааст.