Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи«Тоҷик Эйр» аз моҳи декабр ба иҷрои парвозҳо тариқи хатсайри хатсайри Душанбе - Сургут - Душанбе шурӯъ мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» дар ин робита хабар доданд, парвозҳо ҳафтае як маротиба - рӯзҳои душанбе тариқи ҳавопаймои бароҳати Боинг 737 анҷом дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, давомнокии парвоз дар як самт 3 соату 30 дақиқаро ташкил дода,  арзиши билет 210 евро аст ва тибқи нақша, парвози нахустин ба ин самт санаи 7-уми декабр дар назар аст.

Ширкати «Тоҷик Эйр» мунтазам парвози ҳавопаймоҳо ба шаҳрҳои Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва ҳамчунин шахҳои Бишкек (Қирғизистон), Алмаато (Қазоқистон), Теҳрон (Эрон), Урумчӣ (Чин), Истамбул (Туркия) ва Деҳлӣ (Ҳиндустон)-ро анҷом медиҳад.

Айни замон парки авиатсионии ширкати «Тоҷик Эйр» аз 37 нақлиёти ҳавоӣ иборат аст, ки 12-тоаш дар хатсайрҳо истифода мешаванд (ду Боинги 757-200, ду Боинги 737-400, як Боинги 737-300, як МА-60, ду Ан-28, як Ан-26 ва се чархболи Ми-8МТВ). Боқимонда 25 воситаҳои нақлиёти ҳавоии ширкат (асосан истеҳсоли шӯравӣ) муддати тӯлониест, ки бидуни истифода нигаҳдорӣ мешаванд.