Вазирони энергетикаи Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 24 ноябр дар Туркия аз рӯи Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) созишномаи ниҳоӣ ба имзо расониданд.
Бино ба маълумоти ВАО-и Покистон, корҳо аз рӯи лоиҳаи CASA-1000, ки дар он интиқоли нерӯӣ барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст, бевосита моҳи майи соли оянда шурӯъ мешаванд.
Дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ Датка - Хуҷанд дар назар аст, ки низомхои энергетикии Қирғизистону Тоҷикистонро бо ҳам пайваст мекунад. Ҳамчунин бунёди хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Пешовари Покистон тариқи Афғонистон пешбинӣ шудааст. Ғайр аз ин, дар тамоми масофаи хатти интиқоли барқ зеристгоҳҳои табодули барқ насб мешаванд.
Оғози интиқоли барқ ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВТ дар як сол тариқи ин хат соли 2017 дар назар аст. Агар Афғонистон нерӯи барқи дар доираи лоиҳаи ҷудошуда дар ҳаҷми 300 МВт дар як солро истеъмол карда натавонад, онро Покистон дастрас хоҳад кард.
Амалисозии лоиҳа ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон дар ҳаҷми 1300 МВт дар сол аз ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад.
Қобили зикр аст, ки зимни сафари давлатии ду ҳафта пеши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон изҳор шуд, ки амалисозии лоиҳа охири баҳори соли оянда шурӯъ шуда, соли 2018 ба итмом мерасад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, то имрӯз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории қисмати тоҷикистонии лоиҳа муайян карда шудааст. Маблағи умумии воситаҳои қарзӣ ва грантӣ барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳа 351 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, саҳми Тоҷикистон дар лоиҳа 15 млн. доллари ИМА аст.
Дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин амалисозии ин лоиҳа ба таҳияи механизмҳои савдои барқ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) низ мусоидат менамояд.
Анҷоми амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2020 дар назар аст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон - 314 млн., Қирғизистон - 209 млн., Афғонистон - 354 млн. ва Покистон - 209 млн. доллари ИМА.
Мавриди зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон 70 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Созишнома дар ин бора рӯзи 9 октябр дар пойтахти Перу - шаҳри Лима миёни БИР ва Вазорати молияи Тоҷикистон ба имзо расид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста