Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ аз 22,5%-и натиҷаи соли пешин охири соли равон то ба 30% расида метавонад.
Тибқи пешгӯии намояндагии доимии Хазинаи байнулмилалии асъор, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе изҳор шуд, афзоиши таносуби қарзи хориҷӣ ба ММД-и Тоҷикистонро таҳлилгарони Хазина ба коҳиши назарраси қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА давоми соли ҷорӣ нисбат медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки тибқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози сол қурби арзи миллӣ нисбати доллари ИМА қариб 27% поин рафт.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 октябри соли равон каме бештар аз 2,05 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо аввали соли равон (аввали соли 2015 - 2,1 млрд. $) ба миқдори 50 млн. доллари ИМА камтар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми ММД дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 33,6 млрд. сомонӣ (каме бештар аз 5,2 млрд. $ тибқи қурби санаи 1 октябри соли 2015)-ро ташкил додааст.
Аввали моҳи октябри соли гузашта ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ва ҳаҷми ММД-и кишвар тӯли 9 моҳи соли 2014 зиёда аз 31,5 млрд. сомонӣ (беш аз 6,3 млрд. $ тибқи қурби санаи 1 октябьри соли 2014)-ро ташкил дода буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста