Қурби доллари амрикоӣ дар бозори асъори нақди Тоҷикистон субҳи имрӯаз аз 7 сомониву 60 дирам зиёд шуд.

Аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон онҳо доллари амрикоиро 7 сомониву 50-60 (барои 1 $) харида, долларро қариб умуман намефурӯшанд. Дар овезаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор бошад, рақамҳои 6,72-6,74 сомонӣ (қурби хариду фурӯши доллар) дарҷ шудааст.

Дар ҳамин ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби расмии доллари ИМА-ро санаи 30 ноябр дар сатҳи 6,72 сомонӣ муқаррар кардааст.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи октябр Бонки миллии Тоҷикистон  тартиби нави муқаррар кардани  қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилиро роҳандозӣ намуд. То ин замон қурби нақдии доллари амрикоӣ аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар карда мешуд.

Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд шуда буд, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъӣ аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.

«Айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд», - баён гардида буд дар маълумоти БМТ.

Зимнан таъкид шуда буд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.