Семинар - омӯзиш оид ба масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳони Савдо (СУС), ки имрӯз дар Душанбе баргузор мегардад, барои дарки боз ҳам бештар ва татбиқи дастурҳои бисёрҷонибаи савдо дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳамчунин ӯҳдадориҳои савдо бо маҳсулотҳои кишоварзӣ, ки аз ҷониби мамлакат барои аъзо шудан дар СУС қабул шудаанд, мусоидат хоҳад кард.
Тавре аз намояндагиии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) дар ҶТ иттилоъ доданд, дар ин ҷамъомад намояндагони вазоратҳо ва идораҳои масъул, ташкилотҳои давлатии санитарӣ ва фитосанитарӣ, институтҳои илмию - тадқиқотӣ, ки барои татбиқи сиёсати савдо ва кишоварзӣ мутасаддӣ шудаанд, ва ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ дар соҳаи агросаноатӣ ширкат меварзанд.
«Умедворем, ки семинари мазкур барои баҳси шароитҳои гузаронидани ислоҳот дар савдо ва чораҳои дастгирие, ки барои аъзогӣ дар СУС барои мамлакат имтиёзҳои бештарро дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва бехатарии амнияти озуқаворӣ фароҳам меорад», - гуфт Виорел Гутсу, Намояндаи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Интизор меравад, ки баъд аз анҷоми семинар иштирокчиёни он шартномаҳои СУС ва ӯҳдадориҳои махсуси мамлакатро дар соҳаи кишоварзӣ беҳтар дарк намуда, аз онҳо мунтазам истифода хоҳанд бурд. Иштирокчиён ба таҳқиқи масъалаҳои инконпазир ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ, ки баъд аз аъзо шудан ба СУС ба вуҷуд меоянд, қодир мешаванд. Онҳо масъалаҳои татбиқ ва беҳтар намудани қоидаҳое, ки системаи санитарӣ ва фитосанитариро, ва ҳамчунин сиёсати кишоварзиро танзим мекунанд, аз худ менамоянд.
Маълумоти иловагӣ:
2-уми марти соли 2013-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои 159 - уми Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Аъзогӣ дар ин созмон барои мамлакат имкониятҳои васеи ширкат дар савдои кишоварзии ҷаҳонӣ фароҳам меорад, вале фақат ба он шарте, ки таъғири иқтисодиёт ва ислоҳоти институсионалии гузаронидашаванда барои баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасонии ватанӣ мусоидат намоянд.
Дарк ва истифода бурдани муқаррароти Созишномаҳои СУС оиди кишоварзӣ, Шартнома оид ба истифодаи чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва шартномаҳои дигари дахлдори СУС ин қадами аввали гузариш ба қоидаҳои ҷадиди савдо мебошад. Вале барои истифодабарӣ аз имкониятҳои СУС зарур аст, ки қоидаҳои танзими савдои озуқаворӣ беҳтар кунонида шаванд ва чораҳои иловагӣ барои беҳбудии рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ андешида шаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста