Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кард ва он пас аз нашри расмӣ дар амал татбиқ карда мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, тибқи талаботи Дастурамали номбурда тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. Айни замон муваққатан (то 3 моҳ) амалиёти мубодилавӣ тавассути нуқтаҳои интиқоли пулии дар ин муассисаҳо ҷойгирбуда низ гузаронида мешавад (ба ғайр аз нуқтаҳои интиқоли пулие, ки берун аз ин муассисаҳо ҷойгиранд).
Дар маълумоти дар ин робита интишорнамудаи БМТ қайд мешавад, ки дар даҳаи сеюми моҳи ноябри соли ҷорӣ вазъи бозори нақдии хариду фурӯши долл. ИМА боз ҳам ноустувор гашта, суръати тағйирёбии қурби нақдӣ нисбати моҳҳои гузашта ба маротиб зиёд гаштааст.
Гуфта мешавад, таҳлили бозор нишон медиҳад, ки кормандони алоҳидаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз чунин вазъ суистифода бурда, бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши долл.ИМА-ро беасос, худсарона баланд мекарданд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура дар ҳайати гуруҳҳои фаврии муштарак 27 ноябри соли ҷорӣ 6 нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ТАҚХ «Васлат», ТАҚХ Азизи молия”, ТАҚХ “Вориси замон” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар ш.Душанбе муайян ва боздошт карданд.
«Маълум гашт, ки онҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул буданд, - баён мегардад дар маълумот. - Қайд кардан зарур аст, ки маҳз чунин беинсофӣ ва бемасъулиятии ба ҳамин монанди кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистонро водор кард, ки барои барҳам додани нуқтаҳои мазкур қарор қабул намояд».
Бонки миллӣ бо муроҷиат ба тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки зарурияти ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар ҳамин муассисаҳои номбурдаи ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд, зеро мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд ва маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад.
«Шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд. Ташкилотҳои қарзӣ имконият ва иқтидори ба асъори хориҷӣ (нақдӣ ва ё ғайринақдӣ) мубодила кардани маблағҳои бо пули нақди миллӣ андухтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доранд», - зикр мегардад дар маълумоти БМТ.
Хотиррасон мешавад, ки ҳамин гуна ҳолат дар моҳи декабри соли 2014 ва дар моҳҳои январ, апрелу майи соли 2015 низ рух дода буд ва бар асари он беқурбшавии сомонӣ тақрибан 18,0 фоизро ташкил дода буд.
«Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба овозаю хабарҳо ва маълумоти бардурӯғу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба ҳар як ҳолатҳои ҳаннотӣ тавассути рақамҳои телефони боварӣ ва телефони дар нуқтаҳои мубодила мавҷудбуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд», - муроҷиат карда мешавад ба шаҳрвандон.
Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи корӣ бо роҳбарони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурди ҷумҳурӣ раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт , ки кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор аз усулҳои ҳаннотӣ ва қаллобӣ моҳирона истифода бурда, бидуни ягон асос қурби асъори хориҷиро баланд мебардоранд ва аз ин даромади муфт ба даст меоранд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста