Палатаи поёнии парлумон имрӯз моддаҳои Созишномаи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB)-ро, ки санаи 29 июни соли 2015 бо ибтикори Чин аз ҷониби намояндагони 57 кишвари ҷаҳон бо сармояи оинномавии 100 млрд . доллари ИМА таъсис ёфта буд, якдилона маъқул шуморид.
Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадиён изҳор намуд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар сармояи оинномавии бонки мазкур 30,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба қавли ӯ, маросими расмии оғози фаъолияти бонки нав моҳи январи соли 2016 дар шаҳри Пекин доир мегардад. «Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои худ дар бахшҳои гуногун аз ин бонк сармоягузорӣ дастрас кунад», - гуфт муовини вазир.
Пекини расмӣ бар ин назар аст, ки сиёсати роҳандозишуда аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) ба таври бояду шояд ба манфиатҳои минтақаи Осиё ҷавобгӯ набуда, мушкилоти ҷойдоштаи онҳоро ҳал намекунад.
Дар ин робита соли 2013 Ҷумҳурии Мардумии Чин тасмим гирифт, ки ҳамчун ҷойгузин (алтернатива) Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохториро таъсис бидиҳад.
Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (англ. Asian Infrastructure Investment Bank, AIIB) - созмони байнулмилалии молиест, ки бо ташаббуси Чин таъсис дода мешавад. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Пекин воқеъ аст. Бонк ба сифати алтернатива ба ХБА (Вашингтон, ИМА), БҶ (Вашингтон, ИМА) ва БОР (Манила, Филиппин) мавқеъгирӣ мекунад.
Ҳадафҳои асосии AIIB ҳавасмандсозии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ дар Осиё аз сохтмони роҳу фурудгоҳҳо то моҳвораҳои алоқаву манзили зист барои қишри миёнаи аҳолӣ унвон мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста