Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) нисбати шаш нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ бинобар роҳ додан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки сабабгори ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор гардидаанд ва дар кори батанзимдарории сиёсати қурби асъор монеа эҷод кардаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро оғоз намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар пайи санҷишҳои гурӯҳҳои фаврии муштараки БМТ ва мақомоти прокуратура барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ Назаров Алиаҳмад Худойназарович - корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, Валиев Аминҷон Амиралиевич - корманди нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ ”Азизи Молия”, Бобоназаров Бахтиёр Исмонқулович ва Абӯбакр Зафар Саидзода - кормандони нуқтаи мубодилаи асъори ҶДММ ТАҚХ ”Вориси Замон”, Азимзода Алишери Сироҷиддин ва Саодатов Ибодулло Қудратович - кормандони нуқтаи мубодилаи асъори ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк” муайян ва боздошт шуданд.
Гуфта мешавад, дар робита ба ин, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шудааст, ки то гирифтани дастури иловагии БМТ кормандони номбурдаро ба кор қабул накунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки илова бар ин, БМТ барои беназоратӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор моликони ин нуқтаҳо - ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк”-ро ба маблағи сад ҳазор сомонӣ, ҶДММ ТАҚХ “Васлат”, ҶДММ ТАҚХ ”Азизӣ- молия” ва ҶДММ ТАҚХ ”Вориси Замон”-ро дар алоҳидагӣ ба маблағи шаст ҳазор сомонӣ ҷарима кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста