Дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» конфронси дуюм оид ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ намуда, зимни баррасии масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ба масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ (меваю сабзавот) аз Тоҷикистон ба Русия таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Роҳбари ҳайати ҷониби Русия, муовини вазири рушди иқтисоди ин кишвар Александр Сибулский зимни суханрониаш изҳор намуд, ки айни замон ҳудуди 60 субъекти Русия бо Тоҷикистон робитаи мустақими иқтисодӣ дошта, 227 корхонаи дар ҷумҳурӣ фаъолиятдошта дорои сармояи русиягӣ ҳастанд ва 30% аз ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ба ҳиссаи Русия рост меояд. «Дар ин шароит зарурати таъсиси Шӯрои корӣ миёни Тоҷикистону Русия ба вуҷуд омадааст», - гуфт ӯ.

Ғайр аз ин, зимни конфронс қайд шуд, ки баъди ташаннуҷи муносибатҳо миёни Русия ва Туркия, бозори ин кишвар ба маҳсулоти кишоварзӣ, ки қаблан аз Туркия ворид мешуд, ниёзи шадид дорад.

«Баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо ба маҳсулоти истеҳсоли Ғарб, Туркия аз чунин имконот истифода бурда, дар ин бозор мавқеи назаррас пайдо намуд. Акнун Русия аз дигар воридкунандагони чунин маҳсулот пешниҳодҳои мушаххасро интизор аст», - иброз дошт модератори конфронс, директори Пажуҳишгоҳи иқтисоди актуалӣ Никита Исаев.

Дар навбати худ А.Сибулский таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии маблағи маҳсулоти кишоварзӣ, ки ба бозорҳои Русия ворид мешавад, 1-2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қайд кард, ки ҳаҷми маблағи маҳсулоти кишоварзие, ки аз Тоҷикистон ба Русия ворид мешавад, ба 1,5 млн. доллари ИМА баробар аст.

Дипломати рус пешниҳод кард, ки созишномаву қарордод ва ёддоштҳои баимзорасида тайи солҳои ахир миёни Тоҷикистону Русия бозбинӣ карда шавад, зеро «аксари ин аснод расмиёти тасдиқро нагузашта, танҳо дар коғаз боқӣ мондаанд».

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар навбати худ изҳор намуд, ки барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ Тоҷикистону Русия аз имконоти хеле зиёде бархӯрдоранд, «вале мутаассифона, он имрӯз истифода намешавад».