Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои даст задан ба амалҳои ҳаннотӣ ва дағалона вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонк ин дафъа нисбати бисту ду нафар кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳи қарзӣ, ки ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд, чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои Гуруҳи фаврии муштараки Бонк ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор, дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” ҳолатҳои вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ошкор карда шуданд.
Гуфта мешавад, вобаста ба ин, БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дод, ки то дастрас намудани дастури иловагӣ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ додаанд, ба кор қабул накунанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъорҳои ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” чораҳои таъсиррасонӣ, аз қабили ситонидани ҷаримаҳои калонро татбиқ менамояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста