Гузаргоҳи назоратии Қулма-Қаросу (ВМКБ) дар марзи Тоҷикистону Чин ба реҷаи зимистонаи кор мегузарад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, бинобар сабаби фарорасии мавсими сармо ва барфрезиҳои зиёд дар минтақаи гузаргоҳ, ба равуои нақлиёт тариқи он 8 рӯз дар як моҳ иҷозат дода мешавад.
Реҷаи ҳамлу нақли молу воситаҳои нақлиёт тавассути гузаргоҳи автомобилгарди «Қулма-Қаросу» моҳи декабр - дар рӯзҳои 8, 9, 10, 11 ва 22, 23, 24, 25-ум; моҳи январ - дар рӯзҳои 5, 6, 7, 8 ва 19, 20, 21, 22-юм; моҳи феврал - дар рӯзҳои 1, 2, 3, 4 ва 16, 17, 18, 19-ум; моҳи март - дар рӯзҳои 1, 2, 3, 4 ва 16, 17, 18, 19-ум ва моҳи апрел дар рӯзҳои 5, 6, 7, 8-ум сурат мегирад.
Аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар доданд, ки аз соли 2012 фаъолияти ин гузаргоҳ тамоми сол роҳандозӣ шуда буд, вале бинобар сабаби номусоидии обуҳаво дар фасли зимистон дар ин мавзеъ, Чин тасмим гирифт, ки дар ин давра реҷаи муайяни равуоро ҷорӣ созад.
Гузаргоҳи «Қулма» дар баландии ҳудуди 4,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, ҳамасола ин гузаргоҳро ба ҳисоби миёна 10-11 ҳазор адад автомашинаҳо убур мекунанд. Гузаргоҳ аз соли 2005 ба фаъолият шурӯъ карда буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста