Тибқи мувофиқаи пешакии сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо узви Шӯрои Маҷлиси федералии Русия Сергей Лисовский, дар сафорати ҶТ дар Маскав миёни директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии марказҳои тақисмоти яклухт В.Лишук, роҳбари намояндагии минтақавии ин марказ А.Макаркин ва кормандони сафорат, ки ба бахши иқтисодӣ масъуланд, гуфтушунид доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Душанбе дар Маскав, дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон - мушовири сафорат Т.Д.Юнусов, мудири шуъбаи иқтисоди сафорат А.А.Шарифов, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия М.Саидов, раиси Ассотсиатсияи байнулмилалии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони Тоҷикистон А.Неъматов ҳузур доштаанд.
Гуфта мешавад, зимни мулоқот масоили иваз кардани маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкунандагони туркӣ, дурнамои рушди таъсису фаъолияти марказҳои тақсимоти якулухт дар Тоҷикистон, таҳвили маҳсулоти кишоварзии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ба Русия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста