Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба ин макон ташриф овард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарвазири мамлакат бо масъулини соҳа ва сохтмончиён вохӯрда, аз рафти корҳои анҷомдодашуда, тарҳи сохтмони бино, сатҳу сифат ва дигар корҳои банақшагирифта аз наздик дидан намуд.
Бояд қайд намуд, ки барои бунёди бинои мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта буд.
Сохтмончиён бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои сари вақт ва бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмиллалӣ ба истифода додани бинои мазкур тамоми кӯшишу ғайрати худро равона сохтаанд. То имрӯз, таҳкурсӣ ва сутуни деворҳои ин бинои нӯҳошёна бунёд гардида, хиштгузорӣ ва корҳои бетонию симбандӣ идома доранд.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ба масъулини соҳа дастуру супориши мушаххас дод.
Бунёди бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар иншоотҳои зарурии он дар масоҳати умумии 7,13 га ба нақша гирифта шуда, барои таҳсили шунавандагони ин боргоҳи илм пешбинӣ гардидааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста