Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо соҳибкорони Ӯзбекистон - муовини раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Узмарказимпекс» Сардор Аббосхонов, муовини раиси раёсати ширкати «Марказсаноатэспорт» Олимҷон Қаюмов ва сардори Раёсати маркетинги ҶС «Узпроммашимпекс» Сарвар Эргашев мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, маҷмӯи васеи масоили роҳандозии робитаҳои зич байни доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони ҳарду кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.
Намояндагони кишвари ҳамсоя изҳор доштанд, ки ба ифтитоҳи «Хонаи савдои Ӯзбекистон» дар шаҳри Душанбе, ташкили воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, санотаи кимиёву электротехникӣ, маҳсулоти дӯзандагии тайёр, масолеҳи сохтмон, нуриҳои минералӣ ва дигар анвои маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омодаанд. Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ба рушди ҳамаҷонибаи барои тарафайн судманди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат манфиатдор аст.
Дар навбати худ изҳор карда шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо, кумак ба соҳибкорони кишвари ҳамсоя барои дарёфти шарикони тиҷоратии имконпазир дар ҷумҳурӣ, роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидории кишварҳои ба ҳам дӯст омода аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста