Тоҷикистон ба сармоягузорон лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ тариқи Сари-Тош ( Қирғизистон) ба музофоти Улуғчат (Ноҳияи Синтзян-Уйғури Чин)-ро пешниҳод мекунад.

Лоиҳаи сармоягузорӣ бо мақсади содироти нерӯи барқи барзиёдатии дар Тоҷикистон истеҳсолмешуда пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои барқии бузург ва миёна дар дарёи Вахш таҳия шудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар лоиҳаи мазкур сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи 500 кВ бо масофаи тақрибан 500 км пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти бахши энергетикии Тоҷикистон, амалисозии ин лоиҳа ба интиқоли то 6 млрд. кВт/сот нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар як сол имкон медиҳад. Тибқи арзёбии пешакӣ, барои татбиқи лоиҳа ҳудуди 160 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.