Шурӯъ аз 7 декабри соли ҷорӣ, дар таърихи низоми бонкии Тоҷикистон Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба кор оғоз намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, минбаъд тамоми амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллӣ ҳамарӯза таввасути ин низом, тариқи баргузории музоядаҳо гузаронида хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути системаи асосӣ ва инфрасохтори бонк, байни ташкилотҳои қарзӣ ва БМТ мусоидат хоҳад кард.
Зикр мегардад, ки то имрӯз аллакай 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шуда, метавонанд аз имкониятҳои васеъи он баҳрабардорӣ намоянд. Дигар ташкилотҳои қарзие, ки ҳоло пайваст нашудаанд ё дар ҷараёни пайвастшавӣ мебошанд, баъд аз пурра шомил шудан ба он ба бозори байнибонкии асъор роҳ меёбанд.
Хотиррасон мешавад, ки ҳадаф аз татбиқи ҷадиди заминаи (платформа)-и ширкати “Томсон Ройтерс” имрӯз дар БМТ, ин дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилотҳои қарзӣ буда, иҷрои самараноки он ба мутобиқ гардонидани бозори ғайринақдӣ ба платформаи мазкур оварда мерасонад. Ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти БМТ ба ҳисоб меравад.
Қайд мешавад, ки дар музоядаи рӯзи 7 декабр аз 2 млн. доллари ИМА-и ба бозори байнибонкии асъор пешниҳодшуда 42,5 фоизи он бо дархости иштирокдорони ин бозор фурухта шуда, талаботи онҳо қонеъ гардонида шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста