Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 124 адад ташкилотҳои қарзӣ, аз он ҷумла, 17 бонк, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106 адад ташкилоти маблағгузории хурд, 39 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 адад ташкилоти қарзии хурд, 36 адад фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул ба мардум хизмат мерасонанд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), шаҳрвандон ҳангоми пайдо шудани зарурати мубодилаи асъор, интиқоли маблағҳо ё анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ метавонанд аз хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли маблағ бемамониат истифода бурда, талаботи худро қонеъ гардонанд.
Гуфта мешавад, дар сурати ба миён омадани нофаҳмӣ, дучор омадан бо муомилаи сарди кормандони бахши низоми бонкӣ ва ё сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ, муштариён метавонанд ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои 600-15-20, 600-31-90 (Шуъбаи сиёсати қурби асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон) ва 620-05-39, 600-28-63 (Шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ) муроҷиат намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷониби кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳалли мусбии масъалаҳои бамиёномада чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста