Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Сироҷиддин Икромов бо ҳайати Бонки осиёгии рушд (БОР) –роҳбари лоиҳаи ёрии техникӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм Саид Зайдоншоҳ ва коршиноси байналмилалӣ Нил Ҷенсенмасъалаҳои рафти амалишавии лоиҳаи ёрии техникӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати пурзӯр намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва нақшаи корӣ барои оянда баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, аз 30 ноябр то 9 декабри соли ҷорӣ ҳайати БОР дар доираи лоиҳаи ёрии техникӣ барои Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.
Зимни суҳбат роҳбари лоиҳаи зикршуда Саид Зайдоншоҳ иброз дошт дар доираи татбиқи лоиҳаи ёрии техникӣ вохӯриҳо бо намояндагони вазорату кумитаҳо баргузор гардиданд. Дар баробари ин, барои аъзои Гурӯҳи корӣ, кормандони молия, бонкӣ ва намояндагони бахши хусусӣ се семинар дар самти омода намудани лоиҳаи ҳуҷҷати Баҳодиҳии хавфи миллӣ гузаронида шуд.
Сироҷиддин Икромов дар ҷараёни вохӯрӣ ба намояндагони ҳайати БОР барои расонидани ёрии техникӣ изҳори миннатдорӣ намуда, махсус қайд кард, ки гузаронидани Баҳодиҳии хавфи миллӣ яке аз талаботҳои асосии тавсияҳои нави ФАТФ буда, анҷоми бомуваффақияти ин чорабинӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калон дора два он барои кам намудани сатҳи хавф, пурзур намудани низоми мубориза ба қонунигардонии маблағҳо ҷалби бештари сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба ҷамъоварии маълумот барои таҳияи ҳисоботи Баҳодиҳии хавфи миллӣ Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо ҳайати БОР ҳамкорӣ намуда, дар пешниҳоди ин ҳуҷҷати муҳим саҳм гузорад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста