Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудир оид ба рушди соҳибкорӣ ва Департаменти ҳамкории Корпоратсияи исломии рушд Фарид Масмоудӣ, намояндаи минтақавии корпоратсияи зикршуда оид ба ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев масъалаҳои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ибтидои суҳбат Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки низоми бонкии ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои боз ҳам зичтар ва барои ҳарду ҷониб манфиатовар ҳамеша омода аст. Тавре маълум аст, Корпоратсияи исломии рушд бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои молиявии ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ, аз қабили ширкатҳои лизингӣ ва бонкҳо метавонад хатҳои маблағгузорӣ боз намояд ё дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ кӯмак расонад. Илова бар ин, ин корпоратсия метавонад ширкатҳои маҳаллиеро, ки сохтори устуворӣ корӣ доранду метавонанд фаъолияти худро хуб пеш баранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд.
Дар робита ба ин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки барои дастгирии муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта лоиҳаи нави маблағгузорӣ оғоз карда шуда, Корпоратсияи исломии рушд дар бунёди чор сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот дар чор минтақаи ҷумҳурӣ саҳм гузорад.
Фарид Масмоудӣ дар навбати худ пешниҳодоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро хуш пазируфта, қайд кард, ки Корпоратсияи исломии рушд ва сохторҳои марбутаи Бонки исломии рушд илова бар ин, тибқи лоиҳаҳои хеш ба содиркунандагони молу маводи дохилӣ ва соҳибкорони хурду миёна барои пӯшонидани эҳтиёҷоти молиявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати онҳо маблағгузорӣ пешниҳод менамояд. Маблағгузории соҳибкории хурду миёна аз тариқи бонкҳои маҳаллӣ ва истифодаи захираҳои ба нақша гирифтаи ташкилотҳои молиявии исломӣ (Ширкати лизинги исломӣ, Бонки исломии рушд ва Хазинаи исломии дастгирии соҳибкории хурду миёна) анҷом дода мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷонибаро барои солҳои оянда муҳокима намуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста