Бонки осиёгии рушд (БОР) тарҳи индикативӣ (тавсиявии)-и кумак ба Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2018-ро навсозӣ кард.
Намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю рӯзи сешанбе зимни брифинг дар Душанбе дар ин робита изҳор намуд, ки барномаи навшудаи бонк дар Тоҷикистон тӯли се соли наздик ба дастгирии рушди фарогири иқтисодӣ тавассути пуштибонӣ аз ислоҳоти сохторӣ барои беҳбуди муҳити сармоягузорӣ, рушди роҳу энергетика, баланд бардоштани малакаҳои касбӣ ва беҳтар кардани шароити расидан ба таъмини амнияти ғизойӣ равона карда мешавад.
Дар Нақшаи кишварии сесола (солҳои 2016-2018)-и амалии тиҷорат (СОБП) дар ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 240 млн. доллари ИМА амалисозии лоиҳаҳои таъмиру азнавсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, беҳбуди амнияти ғизойӣ, дастгирии идоракунии захираҳои об, беҳтар кардани вазъи бахши энергетика ва ислоҳоти муҳити сармоягузорӣ дар назар аст.
Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми кумаки БОР ба Тоҷикистон дар соли 2016 - 70 млн. ва сармоягузориҳои тарҳрезишуда дар соли 2017 - 85 млн. ва дар соли 2018 - 86 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, вале ҳаҷми маблағҳои ниҳоии дастгириву кумак ба дастовардҳо дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани воситаҳо дар БОР вобаста хоҳанд буд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста