Палатаи поёнии парлумон имрӯз бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» тағйироту илова ворид намуд.
Мутобиқи ин тағйироту иловаҳо, қарзи нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аз андоз дар назди буҷети давлатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 28 млн. сомонӣ аз эътибор соқит дониста шуд. Ғайр аз ин, нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» соли оянда (соли 2016) низ аз пардохти андозҳо озод карда мешавад.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода изҳор дошт, ки қарори мазкури ҳукумат ба дастгирии ширкати холдингии «Барқи тоҷик» аз ҷониби давлат нигаронида шудааст, ки айни замон ба мушкилоти молӣ мувоҷеҳ аст ва ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» аллакай 513 млн. сомонӣ (ба санаи 1 декабр) қарздор шудааст. «Ҳамин тариқ, озод кардани нерӯгоҳ аз пардохти андозҳо ин қарзро ба миқдори 28 млн. сомонӣ камтар мекунад», - гуфт ӯ.
Муовини аввали вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» низ, ки бо сармоягузории Эрон сохта шудааст, дар ҳаҷми 295 млн. сомонӣ (ба санаи 1 декабр) қарздор аст.
ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст.
Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста