Давоми 10 моҳи соли равон 22,5 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ карданд.

Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҷмҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки зиёда аз 18,2 ҳазор нафар патентҳои худро супурда, боз беш аз 4,2 ҳазор нафари дигар шаҳодатномаҳои худ барои фаъолияти соҳибкориашонро ба мақомот баргардонидаанд.

Дар Кумитаи андоз бар ин назаранд, ки бақайдгирӣ ва қатъи фаъолияти соҳибкорӣ «падидаи маъмулӣ аст». «Ҳадаф аз ташкили низоми «Равзанаи ягона» маҳз дар он ифода меёбад, ки соҳибкорон дар ҳама гуна вақт барои бақайдгирии оғози фаъолият ё қатъи он имкон дошта бошанд», - гуфтанд дар Кумита.

Зимнан таъкид шуд, ки тақрибан 95%-и соҳибкорони инифродие, ки бо сабабҳои гуногун соли равон ба фаъолияти худ хотима бахшиданд, патент ё шаҳодатномаҳояшонро ҳанӯз соли 2000 дастрас кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мутобиқи маълумоти Кумитаи андоз, ба санаи 1 ноябри соли ҷорӣ шумори суъектҳои хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 53,7 ҳазор ададро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли равон 29,7 ҳазор адад зиёдтар аст.