Аз оғози соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1 млн. тонна ангишт истихроҷ шуд.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, ҳаҷми ангишти дар соли равон истихроҷшуда нисбат ба нишондиҳандаи умумии соли гузашта, ки барои ҷумҳурӣ рекордӣ шуморида мешуд, 130 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ дар як шабонарӯз то 3 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда мешавад.
Афзоиши ҳаҷми истихроҷ ва истифодаи ангишт дар ҷумҳуриро дар Вазорати мазкур ба ивази гази табиӣ ба истифодаи ангишт гузаштани корхонаҳои бузурги саноатӣ нисбат медиҳанд. Ба иттилои Вазорат, айни замон 208 корхона дар ҷумҳурӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.
Қобили зикр аст, ки айни замон аҳолии мамлакат низ яке аз истеъмолгарони сершумори ангишт ба шумор меравад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, аҳолии деҳоти кишвар барои гарм нигоҳ доштани манзилу таҳияи ғизо аз ангишт истифода мекунанд.
Ба истеҳсоли ин навъи сӯзишворӣ дар кишвар 15 корхона машғул мебошанд. Конҳои «Фон-Яғноб», «Зиддӣ», «Назар-Айлоқ» ва «Сайёд» аз манбаъҳои нисбатан бузурги истихроҷи ангишт маҳсуб меёбанд.
Захираҳои ангишт дар корхонаҳои истихроҷ ва нуқтаҳои фурӯши он бо назардошти бақияи солҳои гузашта 153 ҳазор тонна арзёбӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон тақрибан 870 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шуд, ки нишондиҳандаи рекордӣ тӯли 34 соли ахир дар таърихи кишвар мебошад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста