Дар муқоиса бо 11 моҳи ҳамин давраи соли гузашта давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2015 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба маблағи қариб 890 млн. доллари ИМА кам шуд.

Аз Агентии омори назди президенти ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки тайи 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 18,2% камтар аст.

Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, зиёда аз 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми содироти мол тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ 9,5% (84 млн. $) коҳиш ёфта, ҳамагӣ 803 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти маҳсулоти минералӣ - 11,8%, воситаҳои нақлиёт - 26,6%, металлҳои арзон ва маснӯот аз он - 1,5% ва маҳсулоти растанӣ - 3,6% коҳиш ёфтааст.

Ҳаҷми воридоти мол 20,2% (894 млн. $) коҳиш ёфта, ба беш аз 3,1 млрд. доллари ИМА баробар шудааст. Дар ин самт метавон аз коҳиши воридоти воситаҳои нақлиёт ба андозаи 54%, маҳсулоти минералӣ - 30%, чӯб ва маснӯот аз он - 28%, маҳслуоти растанӣ - 22% маълумот дод.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 87 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (беш аз 1 млрд. $), Чин (698 млн. $) ва Қазоқистон (ҳудуди 636 млн. $) дониста шудаанд.