Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент»-и Чинро тасдиқ кард.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар Лочин Файзуллозода изҳор дошт, ки дар созишнома сохтмони се корхонаи истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта пешбинӣ шуда, иқтидори корхонаҳо истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент, 1 млн. метри мукааб гаҷкартон дар як сол ва 8 млн. дона халта дар як моҳро ташкил хоҳад дод.
«Амалисозии лоиҳа дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон оғоз гардида, то охри сол ба истифода додаи корхонаҳои истеҳсоли гаҷкартон ва халта дар назар аст. Таҷҳизоти истеҳсолӣ барои корхонаҳои оянда ба ҷумҳурӣ ворид шуд», - гуфт Файзуллозода.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаҳо наздики 1 ҳазор нафар бо ҷойи кори домӣ таъмин шуда, ба буҷети кишвар ба сифати андоз ҳамасола 120 млн. сомонӣ маблағ ворид мешавад.
Муовини аввали раиси Кумита ҳамчунин илова кард, ки арзиш умумии лоиҳаҳо ба 145 млн. доллари ИМА баробар аст.
Корхонаи муштараки «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» аз ҷониби шарикони тоҷикистониву чинӣ таъсис дода шуда, бастаи назоратии саҳмияҳои корхона, яъне 75% - ба се тоҷири Чин ва 25% - ба шарикони тоҷикистонӣ тааллуқ доранд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» барои дастгирии бахши иҷтимои ноҳияи Ёвоназ ҳисоби худ мактаби миёна сохта, ба бемористони маҳаллӣ ду автомашинаи ёрии таъҷилӣ тақдим кард.
Дар назар аст, ки бинои мактаби миёна моҳи апрели соли 2016 ба истифода дода мешавад ва сипас ин иншоот ба тавозуни ноҳия гузаронида мешавад. Арзиши сохтмони мактаб 13 млн. сомониро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста