Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 11 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 5% кам шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 490,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 200 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 199,6 ҳазор тонна бензин, 531 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ ва 12,8 ҳазор тонна равған ворид карда шудааст.

Тоҷикистон маъмулан маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид мекунад, ки 87,3% азҳаҷми умумӣ ба ин кишвар рост меояд. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин аз Туркманистон (5%), Қазоқистон (4,7%) ва дигаи кишварҳо низ ворид карда мешавад.

Ҳаҷми воридоти маводи сӯзишвориву молиданӣ ба Тоҷикистон дар давраи моҳҳои январ-ноябри соли 2014 ба 516,3 ҳазор тонна баробар шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба  тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015  ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол, дар муқоиса бо 11 моҳи соли гузашта, давоми моҳҳои январ ноябри соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон 22,3% афзуд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 314 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 58 ҳазор тонна бештар мебошад. Гази моеъ ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта - 40%) ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Тайи се соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 2,6 маротиба - аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 295 ҳазор тонна дар соли 2014 афзуд.