Низоми байнулмилалии пардохти Visa International Service Association (VISA) ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр лоиҳа оид ба иштироки ширкати VISA дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид.
Гуфта мешавад, Аз ин баъд тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.
Қайд мешавад, ки то ин замон ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa International ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ хориҷ намудани маблағ аз суратҳисоби кортии харидор бо мубодилаи асъор анҷом дода мешуд. Ҳол он, ки ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар бо пули миллӣ амалӣ мегардид. Баъди анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор фарқияти назаррас байни маблағи ба таври нақд харидшуда ва маблағи бо истифодаи корти пардохтӣ иҷрогардида, ба амал меомад.
Бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштироки ширкати байналхалқии Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонида буд.
Аз ин рӯз сар карда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасониҳо бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.
Қобили қайд аст, ки мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат менамояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста