Давоми 11 моҳи соли равон воридоти орд ба Тоҷикистон тақрибан 24% кам шуда, дар ҳамин ҳол, воридоти гандум ба андозаи беш аз 11% зиёд шуд.
Сардори Раёсати савдо ва хизматрасонии Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли моҳҳои январ-ноябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 52,9 млн. доллари ИМА зиёда аз 130 ҳазор тонна орд (11 моҳи соли 2014 - 170,9 ҳазор тонна ба маблаги 70,2 млн. $) ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,8% камтар аст.
Орд ба бозори Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид шуда, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ 129 ҳазор тонна (98,9% аз ҳаҷми умумӣ) орд оварда шудааст. Ҳаҷми боқимондаи орд аз Русия интиқол гардидааст.
Дар ҳамин ҳол, Асматбеков изҳор намуд, ки дар муқоиса бо 11 моҳи соли 2014 ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ дар ин давра афзуда, тӯли 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 217,7 млн. доллари ИМА 763,5 ҳазор тонна (11 моҳи соли 2014 - 686,1 ҳазор тонна) гандум ворид шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки қариб тамоми гандуми соли равон ба ҷумҳурӣ воридшуда (99,7%) аз Қазоқистон интиқол дода шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста