Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) дар мавриди коркарди як гурӯҳи конҳои тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғдро маъқул шуморид.
Аз ширкати ТАЛКО ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳанӯз моҳи июни соли гузашта мутахассисони ширкат «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодӣ»-ро таҳия намуда буданд, ки дар он аз ҷумла ба ҳукумат пешниҳод мешавад, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» ва «Чӯлбой» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.
Ба гуфтаи манбаъ, ахири моҳи гузашта ҳукумат қарореро ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ба сохторҳои дахлдори кишвар дастур дода шудааст, ки ба ТАЛКО барои истифодаи конҳои дархостшуда иҷозатнома дода шавад. Интизорӣ меравад, ки муҳлати истифодаи ин конҳо ба ширкат 25 сол муқаррар шавад.
Бар асоси қарори қабулшуда, ба ТАЛКО дастур дода шудааст, ки дар муддати 2 моҳ ҳуҷҷатҳоро дар ин маврид таҳия ва ба муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ пешниҳод намояд.
Ҳамчунин ТАЛКО ба дар ихтиёри худ доштани шаҳракаи геологии Канчоч, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ низ ҳуқуқ пайдо мекунад. «Бо тартиби муқарраршуда дар минтақаҳои Чӯянгарон ва Бахшикунҷи ноҳияи Айнӣ барои сохтмони майдони саноатӣ 10,0 га қитъаи замин ҷудо карда шавад», - омадааст дар қарор.
Қобили зикр аст, ки комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок ахири соли гузашта кони мазкурро ба тавозуни давлатии кишвар дохил кард. Захираҳои тилло дар ин конҳо 32 тонна ва нуқра ҳудуди 14 тонна арзёбӣ мешаванд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста