Аз нигоҳи интиқоли маблағҳои пулӣ ба ватан аз ҷониби муҳоҷирон миёни кишварҳои ҷаҳон Русия мақоми сеюмро ишғол намуд.
Бино ба маълумоти гузориши омории Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Муҳоҷират ва интиқоли маблағҳо, соли 2016», давоми соли ҷорӣ муҳоҷирони меҳнати машғули кор дар Русия ба оилаҳои худ 33 млрд. доллари ИМА маблағ фиристодаанд.
Гуфта мешавад, зинаи якумро бо нишондиҳандаи 56 млрд. $ Иёлоти Мутатҳидаи Амрико ва зинаи дуюмро бо нишондиҳандаи 37 млрд. $ Арабистони Саудӣ касб кардаанд. Ба даҳгонаи кишварҳои аз лиҳози муҳоҷират писандида ҳамчунин Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, Фаронса, Канада, Испания ва Австралия низ шомил мебошанд.
Муҳоҷирони корӣ соли 2015 ба наздикони худ дар ватан ҳудуди 601 млрд. $ маблағ интиқол додаанд, аз ҷумла ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта 441 млрд. $ фиристода шудааст, ки аз ҳаҷми кумакҳои молии байнулмилалӣ се баробар зиёдтар аст.
Гуфта мешавад, кишварҳои асосии қабулкунандаи маблағҳои муҳоҷирони корӣ дар соли равон Ҳиндустон (72 млрд. $) ва Чин (64 млрд. $) дониста шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, дар муқоиса бо 9 моҳи соли гузашта давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2015 интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 65,1% кам шудааст.
Тӯли 9 моҳи соли 2015 аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 1 млрд. 54 млн. доллари ИМА (9 моҳи соли 2014 - 3 млрд. 16 млн. $) маблағҳо фиристода шудаанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста