Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» реҷаи интиқоли барқи қаблан муқарраршуда барои мавсими тирамоҳу зимистонро комилан риоя мекунад.
Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, ширкат истеъмолгаронро бо ҳаҷмҳои иловагии барқ низ таъмин менамояд. «Ҳамин тариқ, моҳи ноябр истеъмолгарони ширкат аз ҳаҷми муқарраршуда 11,4 млн. кВт/соати нерӯи барқи иловагӣ гирифтанд. Дар муқоиса бо моҳи ноябри соли гузашта бошад, ҳаҷми интиқоли барқ дар моҳи гузашта ба миқдори 24,2 млн. кВт/соат афзуд», - иброз дошт сухангӯи ширкат.
Н.Ёдгорӣ қайд кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта интиқоли барқ ба истеъмолгарон дар нимаи аввали моҳи декабри соли равон 337 ҳазор кВт/соат афзудааст.
Ба қавли номбурда, тайи солҳои ахир иқтидорҳои нав (1 ҳазору 40 МВт) дар ҷумҳурӣ ба кор дароварда шуданд, ки ба коҳиши камбуди барқ аз 4 то 2 млрд. кВт/соат ва сабуктар гардонидани реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ мусоидат намуданд.
Дар ҳамин ҳол зикр гардид, ки ҳамасола талабот ба нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ меафзояд. «Шумори аҳолӣ зиёд шуда, оилаҳои нав барпо карда мешаванд ва иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки ҳамааш истеъмолгарони иловагии нерӯи барқ мешаванд», - қайд кард ӯ.
Намояндаи ширкат аз истеъмолгарон даъват кард, ки ба ҳар як киловатт нерӯи барқ эхтиёткорона муносибат кунанд. «Ҳар чӣ қадре ки ба масрафи нерӯи барқ эҳтиёткорона муносибат кунем, ҳамон қадр дар замони сардиҳо бештару тӯлонитар ба нерӯи барқ дастрасӣ пайдо мекунем»,- афзуд Н.Ёдгорӣ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста