Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов рӯзи 27 ноябр дар Конфронси глобалии аз ҷониби СММ даъватшуда оид ба равобити нақлиётии устувор, ки дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ашқобод мегузарад, суханронӣ намуд.

Рашид Олимов таваҷҷуҳи ҳозиринро ба Созишномаи соли 2014 дар Душанбе баимзорасида аз ҷониби кишварҳои узви Созмон дар бораи фароҳам сохтани шароитҳои мусоид барои боркашонии нақлиётии байнулмилалӣ ҷалб намуда, қайд кардааст, ки созишнома заминаи ҳуқуқии роҳандозии ин иқдомро муҳайё сохта, ба амалисозии ҳамлу нақли бору маҳсулот тавассути нақлиёти автомобилӣ аз қаламрави Аврупо Шарқӣ то соҳилҳои шарқии Чин замина мегузорад.

«Созишнома ба наздикӣ мавриди амал қарор гирифта, ба сохтмону қитъаҳои нави роҳҳои автомобилӣ ва таъмиру азнавсозии роҳҳои мавҷуда дар хатсайрҳои байнулмилалӣ мусоидат мекунад», - иброз доштааст ӯ.

Дабири кулли СҲШ ҳамчунин зикр кардааст, ки баъди мавриди амал қарор гирифтани Созишнома, ҳама гуна кишвари дигар низ метавонад ба он шомил гардад ва айни замон як қатор кишварҳои Аврупову Осиё ба он таваҷҷуҳи назаррас зоҳир кардаанд.